Иштироки фаъолонаи Кумита ва сохторҳои тобеи он дар ҷашни Тиргон бо баргузории Иди зардолу ва намоиши “Хушкмеваҳои Тоҷикистон” дар Боғи “Ирам”-и шаҳри Душанбе
25 июни соли 2023 дар Боғи “Ирам”-и шаҳри Душанбе ҷашни Тиргон бо баргузории Иди зардолу ва намоиши “Хушкмеваҳои Тоҷикистон” шуда гузашт, ки дар он Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои тобеи он дар баробари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо бо дастовардҳои соҳавӣ фаъолона иштирок намуд. Дастовардҳои соҳавӣ аз ҷониби дастгоҳи марказии Кумита, Агентии обуҳавошиносӣ, Муассисаи давлатии «Ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда» ва Муассисаи давлатии гуногунӣ ва бехатарии биологӣ ба маърази тамошо гузошта шуданд. Дастовардҳои дар намоишгоҳ гузошташудаи Кумита аз пахши видеороликҳои тарғиботӣ тавассути экран, банерҳо бо навиштаҷот дар бораи ҷашни миллии Тиргон, хӯсаҳои ҳайвоноти нодир ва расму мусаввараҳои табиати зебои Тоҷикистон, аз ҷумла пирях ва кӯлу дарёҳо ва ғ. иборат буд. Дар чорабинии мазкур ризокорони Кумитаи ҳифзи муҳити зист низ фаъолона иштирок доштанд.
Комиссияи Ҳукуматӣ, таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёзода Сулаймон ва ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Насриддинзода Эмомалӣ аз дастовардҳои бамаъразгузошта дидан намуданд.
Дар қисмати дигари ин чорабинии сатҳи баланд иштирокдорони фаъоли ҷашни мазкур, аз ҷумла Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сипосномаи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуд.