Сухани табрикотии раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ
Ҳамкорони азиз,
Имрӯзҳо мардуми шарафманди мо яке аз санаҳои муҳими давлатӣ, Рӯзи Ваҳдати миллӣ, ки пурарзиштарин дастоварди даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, дар фазои якдиливу ҳамдигарфаҳмӣ ҷашн мегиранд. Тамоми кормандони соҳаи ҳифзи муҳити зисти ҷумҳуриро ба муносибати 26-умин солгарди ба имзо расидани “Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ”, ки яке аз ҳуҷҷатҳои арзишноктарини даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, табрику муборакбод намуда, барои ҳар як оилаи тоҷику тоҷикистонӣ хонаободӣ, тинҷию осоиштагиро таманно менамоям.
Мардуми сарбаланди мо хуб дарк менамоянд, ки Ваҳдати миллӣ аз арзишҳои волотарин барои ҳар як халқу миллат ба шумор меравад. Ин неъмати бебаҳои таърихӣ дар кишвари мо бо ҷоннисорӣ ва азму талоши фарзонафарзандони соҳибхиради ин миллат таҳти роҳбарии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омад ва акнун 26 сол мешавад, ки моро дар амну осоиштагӣ ба сӯи фардои дурахшон раҳнамоӣ мекунад.
Имрӯзҳо натанҳо мардуми Тоҷикистон, балки кулли ҷомеаи ҷаҳонӣ хуб эҳсос менамояд, ки ба халқи тоҷик ин ҳама дастовардҳои беназир ба осонӣ муяссар нашудааст. Хело ҳам муҳим аст, ки имрӯз Тоҷикистон ва миллати тоҷикро ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати сулҳпарвар ва тараққихоҳ арзёбӣ менамояд. Итминони комил дорам, ки кормандони ҳифзи муҳити зист дар корҳои сиёсиву ҷамъиятӣ, фаҳмондадиҳию тарғиботӣ фаъолона иштирок намуда, барои дӯстиву рафоқат, ягонагию муттаҳидии минбаъдаи шаҳрвандони ҷумҳурӣ мусоидат менамоянд.
Бори дигар 26-солагии Рӯзи Ваҳдати миллиро ба кормандони Кумита ва мақомоти зертобеи он, табиатистифодабарандагон, дӯстдорони табиати кишвар табрику таҳният гуфта, ба ҳар ҳамватани азизамон вақти хушу хотири ҷамъ, хонаи обод ва фаъолияти самараноки давлатию ҷамъиятиро баҳри пешрафти минбаъдаи Тоҷикистони азиз таманно менамоям. Бигзор Ваҳдати миллӣ, ки маҳсули инсондӯстиву ҳамдигарфаҳмии якояки мо аст, ҳамеша поянда бошад ва моро ба сӯи шоҳроҳи саодату созандагӣ ҳидоят намояд.
Рӯзи Ваҳдати миллӣ муборак!