Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 701
    Дар Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд чорабинии супоридани диплом ва мукофотҳои Кумитаи...

    Ҷамъбасти озмуни  «Ҳифзи пиряхҳои  Тоҷикистон – омили сабзу хуррамгардонии шаҳру деҳоти кишвар» байни мактаббачагон                


                                              


    Дар Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд чорабинии супоридани диплом ва мукофотҳои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибони озмуни даври ҷумҳуриявӣ ва диплому тӯҳфаҳои Сарраёсат ба ғолибони озмуни даври вилоятӣ доир гардид.

    Дар он сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят Ғуфронзода Азиз, сардори Маркази ахбори экологӣ, тарғибот ва барномасозии компютерӣ Тиллоӣ Гулрухсор, директори Маркази таҳсилоти иловагии вилоят Соҳибназаров Зикриддин,  омӯзгорон ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок доштанд.

    Сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят Ғуфронзода Азиз  бо суханони ифтитоҳӣ барои иштироки фаъолонаи хонандагони муассисаҳои таълимии вилоят дар озмуни ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ баҳои баланд дода, ҷиҳати минбаъд ташаккул додани мавқеи фаъоли мактаббачагон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва ҷалби онҳо ба ҳалли муаммоҳои экологӣ изҳори ақида намуд.

    Сипас, барои гирифтани ҷойҳои намоён аз рӯи 6 номинатсия - «Расми беҳтарин»,«Шеъри беҳтарин», «Сурати беҳтарин», «Ҳикояи беҳтарин», «Видеоролики беҳтарин» ва «Кори меъмории беҳтарин» 9 нафар хонандагон бо диплом ва туҳфаҳои пулии Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва 23 нафар хонандагон  бо диплом ва тӯҳфаҳои Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят қадрдонӣ карда шуданд.

    изображение_viber_2023-06-16_13-56-48-941.jpg изображение_viber_2023-06-16_13-57-06-911.jpg