Баргузории аксияи “Тозагии соҳил” дар ноҳияи Варзоб
14 июни соли 2023 бо иқдоми Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мусоидати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд дар ҳудуди ноҳияи Варзоб аксияи “Тозагии соҳил” гузаронида шуд.
Дар ин чорабинии муҳитизитӣ кормандони дастгоҳи марказии Кумитаи ҳифзи муҳити зист, волонтёрон, кормандони шуъбаҳои ҳифзи муҳити зист ва кор бо ҷавонон, варзиш ва сокинони ноҳияи Варзоб иштирок намуданд.
Дар рафти баргузории чорабинӣ ба иштирокдорон, аз ҷумла сокинони маҳал варақаҳои тарғиботӣ дастрас карда шуд.
Чунин чорабиниҳо ба хотири огоҳонидан ва баланд бардоштани сатҳи маърифати экологии аҳолӣ, аз ҷумла истироҳаткунандагон рӯи даст гирифта шуда пайваста роҳандозӣ мегардад.