Баргузории аксияи экологӣ дар минтақаи истироҳатии ноҳияи Шаҳристон
Дар доираи Лоиҳаи «Баланд бардоштани маърифати экологӣ», ки аз тарафи Ташкилоти ҷамъиятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф» дар ҳамкорӣ бо Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд татбиқ гардида истодааст, бо ҷалби ризокорон, ҷавонон, хонандагони муассисаҳои таълимӣ, намояндагони идораю муассисаҳо ва васоити ахбори омма давоми шашмоҳаи соли равон бори дуюм аст, ки дар минтақаҳои истироҳатии шаҳру ноҳияҳои вилоят аксияи экологӣ гузаронида мешавад.
Дар мавзеи Хуррамдараи Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Шаҳристон бо мақсади тоза намудани минтақа аз партовҳои пластикӣ дар мавсими истироҳатӣ аксияи экологӣ ташкил ва баргузор гардид. Дар рафти аксия хонандагону омӯзгорон аз муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Бӯстон, Гулистон, Шаҳристон ва Б.Ғафуров, ҳамчунин волонтёрон, кормандони бахши ҳифзи муҳити зист, хоҷагии ҷангал, намояндагони рӯзномаи вилоятии «Согдийская правда», телевизиони вилояти Суғд ва дигарон, дар маҷмӯъ тақрибан 100 нафар иштирок доштанд.
Мувофиқи барномаи аксия баъд аз қисми оғози чорабинӣ, иштирокдорон бо халта ва дастпӯшак таъмин гардида, ҳамагӣ 4 метри мукааб партовҳо, аз ҷумла зарфҳои пластикию шишагӣ ва халтаҳои полиэтиленӣ ҷамъоварӣ карда шуд. Ҳамаи халтаҳои бо партовҳо пур гардида, бо воситаи нақлиёти боркашони хоҷагии ҷангал бароварда шуд.
Ҳамчунин, ҷиҳати баланд бардоштани дониши экологӣ бо ҷавонон викторина гузаронида шуд, ки дар ҳар як намуди бозӣ ва саволу ҷавоб ба ғолибон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.