Аксияҳои экологӣ дар ноҳияҳои Шаҳринав ва Ҳисор
Санаи 10 июни соли 2023 дар доираи ташаббусҳои навбатии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади беҳдошти муҳити зист ва таъмини амнияти экологии аҳолӣ дар қаламрави шаҳри Ҳисор аксияи “Тозагии соҳил” ва дар ноҳияи Шаҳринав аксияи “Тозагии роҳ” баргузор карда шуданд.
Дар ин аксияҳои экологӣ кормандони шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияҳои Ҳисор ва Шаҳринав, шуъбаи ташкили кор бо занони ноҳия, коллеҷи тиббӣ, омӯзгорони Муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, роҳбарон ва кормандони ҷамоатҳои деҳот ва сокинони деҳот иштирок намуданд.
Ташкил ва баргузор кардани чунин маъракаҳо барои баланд бардоштани сатҳи маърифати экологии аҳолӣ, поку тоза нигоҳ доштани муҳити зист ва таъмини амнияти экологии ҷомеа мусоидат менамояд.