“Ҳифзи пиряхҳо – ҳифзи ҳаёту табиат”
6 июни соли ҷорӣ бо ибтикори Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ дар ноҳияи мазкур ҳамоиши сатҳи баланд таҳти унвони “Ҳифзи пиряхҳо – ҳифзи ҳаёту табиат” баргузор гардид, ки ба Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист ва эълон гардидани соли 2025 – Соли ҳифзи пиряхҳо бахшида шуда буд.
Дар ин ҳамоиш раиси ноҳияи Мастоҳ Аъзам Ализода, муовини сардори сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Абдуалим Гулов, кормандони сарраёсат, мудирони шуъбаву бахшҳои ҳифзи муҳити зист дар шаҳру навоҳии вилоят, собиқадорони соҳа, ғолибони озмунҳои экологӣ, фаъолон ва сокинону меҳмонони ноҳия иштирок намуданд.
Дар идомаи ҳамоиш ба ғолибони озмуни ноҳиявии “Ҳифзи пиряхҳо – ҳифзи ҳаёту табиат” аз рӯи номинатсияҳои мақолаи беҳтарин, шеъри беҳтарин ва расми беҳтарин бо Сипоснома ва маблағҳои пулии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфроз гардонида шуданд.
Барномаи рангини консертӣ ва рақсу бозии ҳунармандон дар либоси ҳайвоноти нодири Тоҷикистон ба ҳамоиш шаҳомати дигар бахшид.