Қадрдонии кормандон ва собиқадорони соҳаи ҳифзи муҳити зист
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии муҳити зист дар Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд маросими қадрдонии кормандон ва собиқадорони ҳифзи муҳити зист баргузор гардид.
Бо суханони табрикӣ муовини Раиси вилоят Зариф Мирдадо иштирокчиёнро бо Рӯзи байналмилалии муҳити зист муборакбод намуда, қайд намуд, ки ин рӯзҳо барои ҳамаи кормандон, мутахассисон ва алоқамандони соҳаи ҳифзи муҳити зист, дўстдорони табиат, умуман нафароне, ки дар соҳаи ҳифз ва беҳдошти муҳити зист заҳмат мекашанд, рӯзи фаромӯшнашаванда ва хурсандибахш аст. Зеро Рӯзи байналмилалии муҳити зист яке аз санаҳои басо муҳим барои аҳли сайёра ҳисобида мешавад ва ҳамасола дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон, дар маҷмӯъ зиёда аз 150 давлат санаи 5–уми июнро ботантана қайд менамоянд.
Дар кишвари соҳибистиқлоли мо низ бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 5 июн ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ворид гардида, дар асоси он ҳар сол, ҳамчун Рӯзи байналмилалии муҳити зист таҷлил мегардад ва ба масъалаҳои мубрами экологӣ, аз ҷумла тоза нигоҳ доштани муҳити зист, ҳифз намудани сарватҳои табиӣ ва гуногунии биологӣ диққати махсус дода мешавад.
Сипас, муовини Раиси вилоят Зариф Мирдадо ва сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Ғуфронзода Азиз кормандон ва собиқадорони соҳаро бо сипоснома ва тӯҳфаҳо қадрдонӣ намуданд.