Чораҳои амалӣ оид ба пешгирии қонунвайронкунии самтҳои ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Турсунзода
Шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Турсунзода оид ба пешгирӣ намудани қонуншиканиҳо дар самтҳои ҳифзи муҳити зист чораҳои заруриро амалӣ менамояд. Аз ҷумла, ҳафтаи сипаришуда ҷиҳати таъсири манфӣ расонидан ба муҳити зист нисбати Уроков Фахриддин сокини шаҳри Турсунзода, ки аз ҷониби ӯ 6 бех дарахти навъи сафедор аз ҷангали санитарию муҳофизатии ҶСК "ШАТ" бурида шудааст, чораҳои маъмурӣ андешида шуд.
Ҳарчанд корҳои фаҳмондадиҳӣ аз ҷониби мутахассисони шуъбаи мазкур дар байни табақаҳои гуногуни аҳолӣ гузаронида мешаванд, бо вуҷуди ин қонуншиканиҳо баъзан вақт ба назар мерасанд.