Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 567
    Бахшида ба Рӯзи байналмилалии муҳити зист санаи 5 июн дар назди театри мазҳакаи мусиқавии ба номи Камоли...

    Таҷлили Рӯзи байналмиллалии муҳити зист дар вилояти Суғд               


                                              


    Бахшида ба Рӯзи байналмилалии муҳити зист санаи 5 июн дар назди театри мазҳакаи мусиқавии ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд бо иштироки ҳунармандони шинохтаи эстрадаи тоҷик консерти идона баргузор гардид.

    Дар қисми расмӣ бо суханони табрикӣ Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода, намоянда аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷӯраев Абдусалим ва раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода баромад намуда, барои  ноил гардидан ба нишондиҳандаҳои хуби меҳнатӣ дар татбиқи сиёсати давлатии экологӣ як қатор кормандони фаъоли мақомот  бо сипосномаву тӯҳфаҳо  сарфароз гардонида шуданд. 

    photo_2023-06-06_09-07-39.jpg photo_2023-06-06_09-07-55.jpg photo_2023-06-06_09-08-44.jpg photo_2023-06-06_09-08-46.jpg