Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қатар дар соҳаи ҳифзи муҳити зист
8 июни соли ҷорӣ Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Олӣ Сонӣ бо як сафари давлатӣ вориди Ҷумҳурии Тоҷикистон шуд. Дар доираи сафари Амири Давлати Қатар Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қатар дар соҳаи ҳифзи ҳайвоноти ваҳшии зери хатари нобудшавӣ қарордошта ва ҳифзи муҳити табиии онҳо ба имзо расид.
Ин меморандум ҳамкориҳои ду кишварро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист дар самтҳои зерин густариш медиҳад:
-ҳифзи ҳайвоноти ваҳшӣ ва растаниҳои зери хатари нобудшавӣ қарордошта ва таҳияи барномаҳои ҳифзи муҳити зисти табиии онҳо;
-таҳияи барномаҳо ва марказҳои парвариши лочинҳо ва зебоиҳо;
-ҳамкорӣ дар самти ҷорӣ намудани лочинҳо ба маҳалҳои табиии онҳо;
-мубодилаи стратегия ва таҷриба дар соҳаи қонунгузории экологии вобаста ба шикори танзимшаванда ва назорати меъёрҳои шикор.