Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 444
    Аз 22 май то 2 июни соли соли 2023 дар шаҳри Женеваи Ҷумҳурии Швейтсария 19 - умин Конгресси умумиҷаҳонии...

    Баргузории 19-умин Конгресси умумиҷаҳонии обуҳавошиносӣ             


                                              


    Аз 22 май то 2 июни соли соли 2023 дар шаҳри Женеваи Ҷумҳурии Швейтсария 19 - умин Конгресси умумиҷаҳонии обуҳавошиносӣ баргузор гардида истодааст. Конгресси умумиҷаҳонии обуҳавошиносӣ мақоми олии Созмони умумиҷаҳонии обуҳавошиносӣ буда, 193 кишвари аъзо аз 6 қаламрави минтақавии Созмони умумиҷаҳонии обуҳавошиносӣ дар он иштирок доранд.

    Дар кори конгресси мазкур директори Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони умумиҷаҳонии обуҳавошиносӣ, њамоҳангсози миллии Конвенсияи СММ оид ба тағйирёбии иқлим Қурбонзода Абдулло Ҳабибулло иштирок доранд.

    19 - умин Конгресси умумиҷаҳонии обуҳавошиносӣ бо мақсади таҳияи Нақшаи стратегӣ барои солҳои 2024-2027 ҷиҳати пеш бурдани дурнамои Созмони умумиҷаҳонии обуҳавошиносӣ то соли 2030 ҷиҳати устувории ҳама кишварҳо, махсусан осебпазиртарин кишварҳо ба таъсири иҷтимоию иқтисодии зуҳуроти шадиди обу ҳаво, иқлим, об ва дигар ҳодисаҳои экологӣ нигаронида шудааст.

    Конгресс инчунин буҷаи Созмони умумиҷаҳонии обуҳавошиносиро баррасӣ намуда, ҳадди аксар хароҷотро барои солҳои 2024-2027 тасдиқ мекунад. Он инчунин масъалаҳои умумӣ, ҳуқуқӣ, назоратӣ, молиявӣ ва маъмуриро баррасӣ намуда, ворид намудани тағйирот ба Дастурамалҳои умумӣ, техникӣ, молиявӣ ва шуғли аҳолиро баррасӣ мекунад.