Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 697
    5 июни соли равон дар мавзеи зебоманзари Муассисаи давлатии шаршари Наврӯзгоҳи шаҳри Душанбе Барномаи фарҳангии сатҳи баланд бахшида...

    Барномаи фарҳангӣ бахшида ба таҷлили Рӯзи байналмилалии муҳити зист

                                              


    5 июни соли равон дар мавзеи зебоманзари Муассисаи давлатии шаршари Наврӯзгоҳи шаҳри Душанбе Барномаи фарҳангии сатҳи баланд бахшида ба Рӯзи байналмилалии муҳити зист таҳти унвони “Душанбе-шаҳри озодагон” баргузор гашт.

    Дар чорабинӣ намоишгоҳи муҳташам оид ба дастовардҳои муассисаҳои маориф, мақомоти марбутаи давлатӣ, аз ҷумла Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва зерсохторҳои он, маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тозаи корхонаҳои саноатӣ ба маъраз гузошта шуд. Ҳайати роҳбарон ва меҳмонон дастовардҳои дар намоишгоҳ гузошташударо тамошо намуда, барои дар сатҳи баланд ташкил намудан ба ташкилкунандагон баҳои баланд доданд.

    IMG_9140.jpg IMG_9157.jpg IMG_9625.jpg IMG_9640.jpg           

    Пеш аз барномаи фарҳангӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёзода Сулаймон Ризоӣ, муовини Раиси шаҳри Душанбе Раҳимзода Толиб, Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур бо суханони табрикотӣ баромад намуданд.

    Сипас дар фазои тантанавӣ тақдими диплому ифтихорномаҳо ва ҷоизаҳо ба ғолибони озмунҳои “Ҳифзи пиряхҳои Тоҷикистон-омили сабзу хуррамгардонии шаҳру деҳоти кишвар” ва “Душанбе-шаҳри гулрез” сурат гирифт. 

    Дар қисмати дигари чорабиниӣ Барномаи фарҳангӣ намоиш дода шуда, санъаткорон бо ҳунари волои худ хотири иштирокдоронро шод гардониданд.  

    IMG_9311.jpg IMG_9248.jpg IMG_9325.jpg IMG_9423.jpg

    IMG_9539 (1).jpg IMG_9644.jpg IMG_9287.jpg IMG_9220.jpg