Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии муҳити зист
5 июни соли ҷорӣ дар толори маҷлисгоҳи Дастгоҳи марказии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи байналмилалии муҳити зист чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. Чорабинии идонаро муовини якуми раиси Кумита Қиёмзода З. С. оғоз бахшида, матни табрикотии раиси Кумитаро ба ин санаи муҳими экологӣ қироат намуд.
Сипас, тибқи фармоиши раиси Кумита як қатор фаъолон ва собиқадорони муҳити зист бо нишонҳои сарисинагии “Аълочии ҳифзи муҳити зист”, “Кормандии фахрии ҳифзи муҳити зист” ва ифтихорномаю сипосномаҳо сарфароз гардонида шуданд.
Рӯзи байналмилалии муҳити зист чун иқдоми байналмилалӣ аз «Муроҷиатномаи Ментовӣ» ба Котиби генералии СММ сарчашма гирифта, 11 майи соли 1971 аз ҷониби 2200 нафар ходимони илму фарҳанги 23 кишвари ҷаҳон ба имзо расидааст. Соли 1972 дар пойтахти Шведсия-шаҳри Стокголм Конфронси умумиҷаҳонӣ оид ба ҳифзи муҳити зист доир гашт ва дар кори он намояндагони 113 кишвари олам иштирок намуданд. Дар конфронси мазкур барои ҳамасола 5-уми июнро ҳамчун Рӯзи байналмилалии муҳити зист таҷлил намудан, қарор қабул карда шуд.
Дар даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи байналмилалии муҳити зист дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад. Дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳри Душанбе ва дигар шаҳру ноҳияҳо чорабиниҳои тарғиботию ташвиқотӣ ва барномаҳои фарҳангӣ гузаронида шуда, масъалаҳои ҳалталаби муҳити зист мавриди таваҷҷуҳи иштирокдорон қарор дода мешавад.