Ҷаласаи васеъ оид ба натиҷагирии фаъолияти 5-моҳаи сохторҳои Кумита ва зерсохторҳои он
2 июни соли 2023 таҳти раёсати раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи васеъ оид ба натиҷагирии фаъолияти 5-моҳаи сохторҳои Кумита ва зерсохтори он баргузор гардид.
Дар ҷаласа ба тариқи ҳузурӣ ва видеоконфренсия роҳбарият, сардорони раёсатҳо, шуъбаю бахшҳои дастгоҳи марказӣ, марказу муассисаҳо ва лоиҳаҳои дар назди Кумита фаъолияткунанда, сардорони сарраёсатҳои ҳифзи муҳити зист дар ВМКБ, Хатлон, шаҳри Душанбе, Раёсати ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон, Суғд, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, Агентии обуҳавошиносӣ , МД “Ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда” ва дигарон иштирок доштанд.
Тибқи тартиби гузаронидан оид ба фаъолияти 5-моҳаи сохторҳои Кумита ва зерсохтори он сардори Раёсати мониторинг, сиёсати экологӣ, обуҳавошиносӣ ва кадастр Шукуров И. ба таври мушаххас таҳлилӣ ҳисобот дод.
Сипас раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зити назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон оид ба масъалаҳои қафомонии баъзе мақомоти соҳавӣ, ки дар иҷрои вазифаҳои кориашон дар ин давра ба қафомонӣ роҳ додаанд, таваҷҷуҳ зоҳир намуда, сабабу омилҳои онро аз масъулони иҷро пурсон шуд.
Масъулони иҷро сабабу омилҳои болозикрро ба раиси Кумита шарҳ дода, баён доштанд, ки оид ба ҳамаи эродҳои дар самтҳои марбута гирифташуда чораҳои таъхирнопазир андешида, фаъолияти шашмоҳаи ҳисоботиро бо натиҷаҳои назаррас ҷамъбаст намуда, аз натиҷааш ҳисоботи мукаммал пешниҳод менамоянд.
Ҳамзамон, раиси Кумита самаранокии фаъолияти нозирони соҳавӣ, аз ҷумла сардорони воҳидҳои сохторӣ ҷиҳати тибқи тартиби муқарраргардида ба роҳ мондани корбарию коргузорӣ дар иҷрои ваколатҳояшон ба онҳо супоришҳои мушаххас дод.
Пас аз баррасии ҳамаҷонибаи масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа, бо инобати супоришҳои додашуда ва таклифу пешниҳодҳо қарори ҷаласаи мазкур қабул гардида, барои бурдани назорат ҷиҳати андешидани чораҳои зарурӣ ба масъулони иҷро фиристода мешавад.