Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 777
    Ҳамкорони гиромӣ, табиатистифодабарандагон ва дӯстдорони табиати нотакрори Тоҷикистони азиз...

    Табрикоти раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи байналмилалии муҳити зист             


                                              


    Ҳамкорони гиромӣ, табиатистифодабарандагон ва дӯстдорони табиати нотакрори Тоҷикистони азиз,

    5 июни соли ҷорӣ тамоми кишварҳои ҷаҳон 51-умин солгарди Рӯзи байналмилалии муҳити зистро бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил менамоянд.

    Ҷумҳурии Тоҷикистон аз замони ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар пешниҳоду баррасии масъалаҳои глобалии муҳитизистӣ дар ҷаҳон ҳамчун кишвари ташаббускор шинохта шудааст.

    Соли гузашта барои мардуми тоҷик соли фаромӯшнашаванда маҳсуб меёбад. Тавре ба ҳамаи мову шумо маълум аст, 14 декабри соли 2022 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зимни иҷлосияи 77-уми худ қатънома дар бораи эълон намудани соли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд, бо дастгирии аксарияти кишварҳои ҷаҳон қабул кард. Дар қатъномаи мазкур ба ғайр аз эълон гаштани Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, инчунин таъсиси Фонди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, баргузор гардидани конференсияи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, соли 2025 дар шаҳри Душанбе, Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо (21 март) пешбинӣ гардидааст.

    Дастгирӣ ёфтани иқдоми панҷуми глобалии Тоҷикистон аз ҷониби СММ барои мо шараф аст, дар баробари ин кишвари маҳбуби мо масъулияти азимро дар пешбурди масъалаҳои иқлимӣ, ҳифзи муҳити зист, вусъат додани ҳамкориҳои байналмилалӣ бар душ гирифтааст.

    Рӯзи байналмилалии муҳити зист дар тамоми мамлакатҳои ҷаҳон бо тантанаҳои таблиғотию маърифатӣ ташкил гардида, ба ин васила мардум аз вазъи кунунии муҳити зист ва хатарҳои зиёновари экологии кишвари худ ва ҷаҳон огоҳӣ пайдо менамоянд.

    Айни ҳол дар тамоми шаҳру деҳоти кишвар корҳои ободонию созандагӣ баҳри сазовор ҷашн гирифтани 35 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бомаром идома доранд, ки ҳаҷми калони ин корҳоро кабудизоркунию хуррамгардонии кишвар ташкил медиҳанд. Бо иқдоми созандаву бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат, маъракаи умумиҷумҳуриявии кабудизоркунию ниҳолшинонӣ, бунёди боғҳои нав ва барқароркунии боғҳои кӯҳна, гулзоркунии боғҳои истироҳатию фароғатӣ, кӯчаю хиёбонҳо қариб тамоми фаслҳои сол гузаронида шуда истодааст. Ҳамасола дар қаламрави кишвар миллионҳо бех ниҳолҳои дарахтони мевадиҳандаву сояафкан ва ороишӣ шинонида шуда, садҳо гектар боғҳои наву гулгаштҳо бунёд мегарданд, ки ин амали неки мардуми азизамон барои озодагию хуррамгардонии Ватани азизамон мусоидат менамояд.

    Бо табиат оқилона муносибат кардан ва чун гавҳараки чашм онро муҳофизат намудан, тарбияи маърифати экологии аҳолӣ, аз ҷумла, ҷавонону наврасон, вазифаи ҷонии мақомоти ҳифзи муҳити зист, муассисаҳои таълимию тарбиявӣ, ҳар як коллективи меҳнатӣ ба ҳисоб меравад.

    Мақсади ниҳоии мо ин аст, ки дар якҷоягӣ мушкилоти ҳифзи муҳити зистро, ки ҳаёти орому солимии ҳамаи мо аз он вобастагии калон дорад, ҳаллу фасл намоем, дар нигоҳдорию беҳтар гардидани вазъи он масъулиятшиносу фаъол бошем.

    Ҳамаи Шумо, кормандони ҳифзи муҳити зисти ҷумҳурӣ, табиатистифодабарандагон ва дӯстдорони табиатро ба муносибати 51-умин солгарди таҷлили Рӯзи байналмилалии муҳити зист самимона табрику муборакбод менамоям. Бигзор ҳамеша аз фазои тозаву муаттари давлати соҳибистиқлоламон, таҳти роҳбарии Сарвари хирадманду адолатпарвари тоҷикон дар андешаи фардои дурахшони ин сарзамини аҷдодӣ бошем ва барои ин мақсад тамоми кӯшишу ғайрати хешро равона созем.

    Дар ин ҷода барои Шумо барори кору муваффақиятҳои нав ба навро таманно менамоям.

    Идатон муборак бошад!