Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 552
    Бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист, ҷиҳати баланд бардоштани маърифати экологӣ ва татбиқи...

    Вохӯрӣ бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист дар муассисаи таълимии ноҳияи Ҷаббор Расулов             


                                              

    Ч.Расулов 4.jpg

    Бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист, ҷиҳати баланд бардоштани маърифати экологӣ ва татбиқи «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» бо иқдоми бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Ҷаббор Расулов дар МТМУ № 19 вохӯрӣ бо хонандагон ва омӯзгорон гузаронида шуд.

    Мудири бахш Каримзода Ф. дар мавзуи роҳҳои баланд бардоштани дониши экологӣ байни насли наврас, корҳои иҷрогардида ва иштироки фаъоли хонандагони муассисаҳои таълимӣ дар аксияву чорабиниҳои экологӣ, тағйирёбии иқлим баромад намуд. 

    Дар навбати худ омӯзгорони муассиса баргузории чунин вохӯриҳоро  сари вақтӣ арзёбӣ намуданд.