Насби лавҳаи экологӣ дар шаҳри Конибодом
Баҳри иҷрои барқияи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кӯчаи марказии ба номи Исмоили Сомонии шаҳри Конибодом баннерҳои экологӣ насб карда шуд, ки мундариҷаи он аз ҷониби СММ эълон гардидани соли 2025 ҳамчун «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» мебошад.
Насби чунин овезаҳои экологӣ барои баланд бардоштани сатҳи маърифати экологии аҳолӣ мусоидат менамояд.