Аксияи «Тозагии соҳил» дар шаҳри Исфара
Бо мақсади тоза намудани манбаъҳои обӣ аз партовҳо, инчунин амалигардонии нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии Замин дар соҳили дарёи Исфара аксияи «Тозагии соҳил» гузаронида шуд. Дар аксия зиёда аз 50 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии миёнаи умумӣ - фаъолона иштирок намуда, ду тарафи соҳили дарё аз партовҳои маишӣ ва алафҳои бегона ба миқдори 4 м3 тоза карда шуд.
Мавриди зикр аст, ки бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Исфара якҷо бо ризокорон чунин аксияҳои экологиро мунтазам доир менамояд, ки ин барои баланд бардоштани маърифати экологии насли наврас мусоидат менамояд.