Захираҳои замин – кафили амнияти озуқавории Тоҷикистон
Бо мақсади таъмини тарғиби муҳтавои Паёми Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои стратегӣ, аз ҷумла таъмини амнияти озуқавории аҳолии мамлакат дар толори калони Раёсати донишгоҳ ҷаласаи ифтитоҳии конференсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони "Захираҳои замин-кафили амнияти озуқавории Тоҷикистон" бахшида ба 35- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 2020-2040 "Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф" ва Рӯзи байналмилалии Замин баргузор гардид.
Дар ҷаласаи ифтитоҳии конференсияи илмӣ–амалӣ профессорону дотсентон, омӯзгорон, магистрантону донишҷӯёни факултетҳои донишгоҳ, аз ҷумла сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Ғуфронзода Азиз Ғуфрон ва сардори шуъбаи эрозия ва мелиоратсияи хоки Институти хокшиносии АИКТ, доктори илмҳои кишоварзӣ, профессор Аминов Шариф Раззоқович иштирок доштанд.
Конференсияи илмӣ-амалиро ноиби ректор оид ба илм ва инноватсияи донишгоҳ профессор Сабурӣ Хайрулло Мирзозода ҳусни оғоз бахшида, сипас, сардори шуъбаи эрозия ва мелиоратсияи хоки Институти хокшиносии АИКТ, доктори илмҳои кишоварзӣ, профессор Аминов Ш. дар мавзуи “Паҳншавии эрозияи хок дар Тоҷикистон ва тадбирҳои асосии мубориза бо он”, Абдураҳимов С. - профессори кафедраи географияи табиӣ МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров”, доктори илмҳои геология ва минералогия дар мавзуи “Генезис, баҳодиҳӣ, бавуҷудоӣ ва паҳншавии заминҳои вайроншуда дар шимоли Тоҷикистон”, Собиров М.С. - дотсенти кафедраи экология ва ҳифзи табиати МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров”, номзади илмҳои кишоварзӣ дар мавзуи “Давраҳои асосии ташаккул ва рушди сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти истифодаи оқилона ва ҳифзи захираҳои замин” баромад намуданд.
Дар фарҷом ноиби ректор баромад намуда қайд карданд, ки конференсияи илмӣ-амалӣ дар сатҳи баланд гузаронида шуда, ин боиси сайқал додани малакаю маҳорати илмомӯзӣ ва дониши назариявӣ мегардад.