Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 640
    19 майи соли 2023 дар меҳмонхонаи "Ҳилтон" маросими пӯшидашавии ҷаласаи ҳавзавии Фонди глобалии экологӣ барои кишварҳои Осиёи Марказӣ...

    Маросими пӯшидашавии ҷаласаи ҳавзавии Фонди глобалии экологӣ (GEF) барои кишварҳои Осиёи Марказӣ, Озарбойҷон ва Швейтсария – 2023           


                                              


    19 майи соли 2023 дар меҳмонхонаи "Ҳилтон" маросими пӯшидашавии ҷаласаи ҳавзавии Фонди глобалии экологӣ барои кишварҳои Осиёи Марказӣ, Озарбойҷон ва Швейтсария – 2023 бо иштроки намояндагони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Тоҷикистон, намояндагони кишварҳои болозикр ва Фонди глобалии экологӣ баргузор гардид.

    Зимни маросими пӯшидашавии ҷаласаи мазкур намояндагони Фонди Глобалии Экологӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузории чорабинии мазкур изҳори сипос намуда, боварии хешро вобаста ба таҳкими муносибатҳои Фонди мазкур ва Тоҷикистон дар самти ҳифзи гуногунии биологӣ, агробиологӣ, тағйирёбии иқлим ва амнияти биологиро байён намуданд. 

    Бояд қайд намуд, ки чорабинии мазкур бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар якҷоягӣ бо Фонди глобалии экологӣ ташкил гардид.

    Хотиррасон мешавем, ки чорабинии болозикр аз 18 то 20 майи соли ҷорӣ баргузор гардида, санаи 20 май сафари озмоишии иштирокчиён ба ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон ба нақша гирифта шудааст.

    109A2799.jpg unnamed (1).jpg unnamed.jpg