Вохӯрии Шерализода Баҳодур бо Микко Кивиковски
12 майи соли 2023 мулоқоти раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон бо муовини директори генералии Раёсати Русия, Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказии Вазорати корҳои хориҷии Финляндия ҷаноби Микко Кивикоски баргузор гардид.
Дар рафти мулоқот масъалаҳои ҳамкории ду кишвар дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва татбиқи лоиҳаҳои ҳифзи захираҳои об ва ҳифзи ҳавои атмосфера, ки аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷӣ ва Институти муҳити зисти Финландия дастгирӣ карда мешаванд, баррасӣ шуданд.
Ҷаноби Микко Кивикоски қайд кард, ки ҷониби Финландия омода аст бо Кумита дар соҳаҳои дигар низ, аз ҷумла барои таҳкими маърифати экологӣ ҳамкорӣ намояд.
Раиси Кумита қайд намуд, ки Кумита омода аст дар масъалаҳои ҳифзи захираҳои табиӣ, тағйирёбии иқлим ва Сатҳи дар самти миллӣ муайяншуда ҳамкорӣ намояд. Мутахассисони Кумита ба таври мухтасар дар бораи фаъолиятҳо дар доираи татбиқи Сатҳи дар самти миллӣ муайяншуда ҳамкорӣ ва татбиқи талаботи Конвенсияи Стокголм оид ба ифлоскунандаҳои устувори органикӣ маълумот доданд. Ҳамчунин, ҷонибҳо рушди ҳамкориҳои минбаъдаро баррасӣ карданд.
Ҷонибҳо оид ба таҳкими ҳамкориҳои дуҷонибаи мақомоти ҳифзи муҳити зисти ду кишвар таваҷҷуҳ зоҳир намуд.