Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 652
    18 майи соли 2023 дар меҳмонхонаи "Ҳилтон" маросими ифтитоҳи ҷаласаи ҳавзавии Фонди глобалии экологӣ барои кишварҳои Осиёи Марказӣ...

    Маросими ифтитоҳи ҷаласаи ҳавзавии Фонди глобалии экологӣ барои кишварҳои Осиёи Марказӣ, Озарбойҷон ва Швейтсария – 2023 дар шаҳри Душанбе       


                                              


    18 майи соли 2023 дар меҳмонхонаи "Ҳилтон" маросими ифтитоҳи ҷаласаи ҳавзавии Фонди глобалии экологӣ барои кишварҳои Осиёи Марказӣ, Озарбойҷон ва Швейтсария – 2023 бо иштроки муовини якуми раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қиёмзода Зарафо Суфиҷон, роҳбари Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Тоҷикистон, хонум Саломе Штайб ва намояндагони кишварҳои болозикр баргузор гардид.

    Дар сухани ифтитоҳии хеш муҳтарам Қиёмзода Зарафо барои таваҷҷуҳи доимӣ ва дастгирии молиявӣ дар фаъолиятҳои экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Фонди Глобалии Экологӣ изҳори сипос намуда, масъалаҳои ҳифзи гуногунии биологӣ, агробиологӣ, тағйирёбии иқлим ва таҳкими сохтори амнияти биологиро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод.

    Қобили қайд аст, ки чорабинии мазкур бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар якҷоягӣ бо Фонди глобалии экологӣ ташкил шудааст.

    Ҳадафи баргузории ҷаласаи мазкур баррасии масъалаҳои ҳамоҳангсозии кишварҳо, густариши робитаҳо ва кӯшишҳои дастрасӣ ба иттилоот, қабули масъалаҳои идоракунии ҳавзавӣ, аз қабили тартиботеро, ки кишварҳо аз баррасии татбиқи лоиҳаҳои Фонди глобалии экологӣ маълумот бояд гиранд, дарбар мегирад.

    Хотиррасон мешавем, ки чорабинии болозикр аз 18 то 20 майи соли ҷорӣ баргузор гардида, санаи 20 май сафари озмоишии иштирокчиён ба ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон ба нақша гирифта шудааст.

    2121014.jpg.jpg IMG_8726.jpgIMG_8776.jpg