Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 554
    15 майи соли 2023 дар шаҳри Душанбе ҳамоиши ташкилкунандагони ҷаласаи ҳавзавии Фонди глобалии экологӣ барои кишварҳои Осиёи Марказӣ, Озарбойҷон ва Швейтсария...

    Омодагӣ ба ҷаласаи ҳавзавии Фонди глобалии экологӣ барои кишварҳои Осиёи Марказӣ, Озарбойҷон ва Швейтсария – 2023     


                                              

    15 майи соли 2023 дар шаҳри Душанбе ҳамоиши ташкилкунандагони ҷаласаи ҳавзавии Фонди глобалии экологӣ барои кишварҳои Осиёи Марказӣ, Озарбойҷон ва Швейтсария – 2023 баргузор гардид. Дар ҷаласаи масъалаҳои марбута мавриди баррасӣ қарор дода шуда, ҳамзамон сардори Раёсати мониторинг, сиёсати экологӣ, обуҳавошиносӣ ва кадастр Шукуров И.оид ба  “Барномаи давлатии экологӣ барои солҳои 2023-2028” бо рӯйнамо баромад намуд.

    Ёдовар мекунем, ки 18-20 майи соли 2023 Ҳайатҳои кишварҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Ӯзбекистон, Озарбойҷон ва Швейтсария тасмим гирифтанд, ки ҷиҳати иштирок дар Ҷаласаи ҳавзавии Фонди глобалии экологӣ ба шаҳри Душанбе ташриф оранд.

    Ҷаласа бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои дахлдори кишварҳои Осиёи Марказӣ ва созмонҳои байналмилалӣ баргузор мегардад.

    Чорабинии мазкур бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар якҷоягӣ бо Фонди глобалии экологӣ ташкил карда мешавад.

    Ҳадафи баргузории ҷаласаи мазкур баррасии масъалаҳои ҳамоҳангсозии кишварҳо, густариши робитаҳо ва кӯшишҳои дастрасӣ ба иттилоот, қабули масъалаҳои идоракунии ҳавзавӣ, аз қабили тартиботеро, ки кишварҳо аз баррасии татбиқи лоиҳаҳои Фонди глобалии экологӣ маълумот бояд гиранд, дарбар мегирад.

    Чорабинии мазкур имконият медиҳад, ки маълумот, фикру мулоҳизаҳо ва табодули таҷрибаи аъзоёни ҳавзавӣ аз рӯи масъалаҳое, ки ба рӯзномаи Шӯрои Фонди глобалии экологӣ ва берун аз он дахл доранд, ба даст оварда шаванд. 

    IMG_8509.jpg IMG_8507.jpg