ФАО дар Тоҷикистон лоиҳаи навро барои мубориза бо тағирёбии иқлим оғоз мекунад
15 майи соли 2023 дар шаҳри Душанбе семинари муқаддимавӣ баргузор гардид, ки дар он лоиҳаи Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (ФАО) бо номи «Рушди иқтидори Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба риояи механизми мукаммали шаффофият дар доираи Созишномаи Париж » имзо карда шуд. Ин лоиҳаи ФАО аз ҷониби Фонди глобалии экологӣ (GEF) маблағгузорӣ шуда, мақомоти иҷрокунанда Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Дар чорабинӣ коршиносони ФАО ва намояндагониАгентии обуҳавошиносии Кумитаи номбурда оид ба моҳияти лоиҳа, ҳадаф ва вазифаҳои он суханронӣ карданд. Қайд карда шуд, ки татбиқи лоиҳаи нави ФАО ба кишвари Тоҷикистон имкон медиҳад, ки дар талошҳои байналмилалӣ оид ба мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим саҳм гузорад. Лоиҳаи «Рушди иқтидори Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба риояи механизми мукаммали шаффофият дар доираи Созишномаи Париж» аз ҷониби директори иҷроияи Фонди глобалии экологӣ (GEF) 20 апрели соли 2023, аз ҷониби Барнома ва Котиботи Кумита (PPRC) 20 ноябри соли 2022 баррасии лоиҳа тасдиқ карда шуд..
Лоиҳа барои дастгирии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар омодагӣ ба гузариш ба Механизми нави шаффофият дар доираи Созишномаи Париж таҳия шудааст, ки ба таҳкими вокуниши глобалӣ ба таҳдиди марбут ба тағйирёбии иқлим нигаронида шудааст. Ин Созишнома дар доираи Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағирёбии иқлим аст, ки чораҳои коҳиш додани гази карбон дар атмосфера ва мутобиқшавӣ ба тағирёбии иқлимро танзим мекунад.
Барои ноил шудан ба ин ҳадаф, ҳар як кишвар ӯҳдадориҳои инфиродӣ оид ба иқлимро таҳия кардааст, ки он Ҳиссаи дар сатҳи миллии муайяншуда ном дорад. Онҳо кӯшишҳои кишварҳои мушаххасро барои коҳиш додани партовҳои газҳои гулхонаӣ дар сатҳи миллӣ ва мутобиқ шудан ба оқибатҳои тағйирёбии иқлим инъикос мекунанд.
Илова бар ин, дар Созишномаи Париж муқаррароти дигаре низ мавҷуд аст, ки ба коҳиш додани тағйирёбии иқлим ва танзими мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар кишвар дахл дорад. Дар сатҳи ҷаҳонӣ тавофуқ шудааст, ки ба кишварҳои рӯ ба тараққӣ дар талошҳояшон барои коҳиш додан ва мутобиқ шудан ба тағйирёбии иқлим тавассути эҷоди чаҳорчӯба барои мониторинги шаффоф, гузоришдиҳӣ ва ноил шудан ба ҳадафҳои кишвар дар ин самт кумак расонад.
Иштирок ва ҳисоботдиҳии мунтазам дар доираи Механизми мукаммали шаффофият ба ҳукуматҳо имкон медиҳад, ки амалҳои худро оид ба иқлим беҳтар ба нақша гирифта, арзёбӣ намоянд. Чаҳорчӯба шаффофиятро дар бораи иттилооти марбут ба партовҳои газҳои гулхонаӣ дар кишварҳо, пешрафт дар самти коҳиши партобҳо ва мутобиқшавӣ ба таъсири тайғирёбии иқлим, дастгирии молиявӣ ва технологӣ ба кишварҳои рӯ ба тараққӣ таъмин хоҳад кард.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 апрели соли 2016 Созишномаи Парижро расман имзо карда, 16 феврали соли 2017 онро ба тасвиб расонд.
Тоҷикистон бо имзои ин санад дар қатори дигар кишварҳо тааҳҳуд кардааст, ки болоравии ҳарорати миёнаи ҷаҳонро дар сатҳи хеле поинтар аз 2 дараҷа гарм нигоҳ дорад. Гидромет, ки ташкилоти ҳамоҳангсоз оид ба тағирёбии иқлим ва татбиқи Созишномаи Париж таъин шудааст, дар доираи ваколати худ барои ҳисоботдиҳии кишвар оид ба ӯҳдадориҳои иқлим масъул аст, аз ҷумла: таҳияи хабарҳои миллӣ, ҳисоботи инвентаризатсияи миллӣ, гузоришҳои дусола, ҳисобот оид ба шаффофият, ҳисоботҳо оид ба ичрои ухдадорихои микдори хиссагузорихои аз чихати миллй муайяншуда.