Омодагӣ дар баргузории Конфронси Осиёи Марказӣ оид ба тағйирёбии иқлим- 2023
15 майи соли равон ташкилкунандагони Конфронси Осиёи Марказӣ оид ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим (ЦАКИК-2023) дар мизи мудаввар дар шаҳри Душанбе чорабиниҳои нақшавии худро, ки рӯзҳои 16-17 майи соли 2023 дар шаҳри Душанбе пешбинӣ гардидааст мавриди баррасӣ қарор доданд.
Хотиррасон мекунем, ки ҳайатҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷиҳати иштирок дар Конфронси Осиёи Марказӣ оид ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим (ЦАКИК-2023) тасмим гирифтанд, то қадамҳои минбаъдаро оид ба татбиқи Созишномаи Париж муайян ва мувофиқа намуда, чораҳои дахлдорро барои пешгирии тағйирёбии иқлим дар минтақа мавриди баррасӣ қарор диҳанд.
Конфронс бо иштироки намояндагони вазоратҳои дахлдори кишварҳои Осиёи Марказӣ, созмонҳои байналмилалӣ, бахши шаҳрвандӣ ва институтҳои илмӣ баргузор мешавад.
Ҳамоиши мазкур бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази минтақавии экологии Осиёи Марказӣ ва Бонки ҷаҳонӣ ташкил карда мешавад.
Ҳадафи Конфронс омӯзиши чолишҳо ва норасоиҳо дар иҷрои ӯҳдадориҳои иқлимии Созишномаи Париж аз ҷониби кишварҳои Осиёи Марказӣ, баррасии имконоти ҳамкориҳои минтақавӣ ва баланд бардоштани устувории захираҳои экологӣ, об, энергетика ва озуқаворӣ дар минтақа мебошад.
Дар шароити минтақаи Осиёи Марказӣ ҳалли мушкилоти иқлим ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим танҳо тавассути ҳамкориҳои минтақавӣ имконпазир аст, бинобар ин, конфронс ҳамчун платформаи пешбарӣ ва густариши муколамаи минтақавӣ оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозии амалҳо оид ба афзалиятҳои миллии иқлим ва молияи иқлим хизмат мекунад.
Ин конфронс як марҳилаи омодагӣ барои ташкили павилони навбатии Осиёи Марказӣ дар Конфронси 28-уми Ҷонибҳо (COP-28) мебошад, ки консепсияҳо, ғояҳо ва стратегияҳои табдили оқилонаи иқлими кишварҳои минтақаро муаррифӣ мекунад.
Конфронс дар шакли гибридӣ баргузор мешавад.