Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 611
    10 майи соли 2023 вохӯрии намояндагони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон...

    Вохӯрии намояндагони Кумита бо Рати Ҷапаридзе, роҳбари шӯъбаи экологӣ ва иқтисодии Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе


                               

    10 майи соли 2023 вохӯрии намояндагони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Рати Ҷапаридзе, роҳбари шуъбаи экологӣ ва иқтисодии Дафтари барномаҳои САҲА дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.

    Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкорӣ дар самти татбиқи “Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025”, оид ба татбиқи Конвенсияи Орхус дар Тоҷикистон ва фаъолияти Марказҳои Орхус, дар бораи баргузории нишасти байналмилалии марказҳои Орхус дар Душанберо, ки моҳи октябри соли 2023 дар назар аст, баррасӣ намуданд.

    Ҷаноби Рати Ҷапаридзе ҳавасмандии худро барои баррасии масъалаҳои рушди ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ва сайёҳии экологӣ изҳор намуд.

    Ҷонибҳо аз раванди ҳамкорӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳои минбаъдаро қайд намуданд.

    DSC_8428.jpg DSC_8427.jpg