Мулоқоти раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сафири Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Умут Ачар
11 майи соли 2023 мулоқоти Шерализод Баҳодур Аҳмадҷон, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сафири Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Умут Ачар баргузор гардид.
Дар мулоқот масоили ҳамкории ду кишвар дар заминаи ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд. Раиси Кумита Шерализода Б. А. омодагии худро ба имзои Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Туркия «Дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист» қайд намуд. Лоиҳаи Созишномаи мазкур бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 декабри соли 2019 тасдиқ карда шудааст. Масъалаҳои марбут ба татбиқи лоиҳаи «Zero waste», мониторинги сифати ҳаво, таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба коркарди партовҳо, марҳила ба марҳила даст кашидан аз халтаҳои пластикии то 15 микрон ва коркарди дубораи маводҳои пластикӣ баррасӣ шуданд.
Сафири Ҷумҳурии Туркия ҳавасмандии худро ба ҳамкориҳои дуҷониба ва таҳкими ҳамкориҳои вазоратҳои муҳити зисти ду кишвар изҳор намуд.