ФАО иқтидори Тоҷикистонро оид ба мониторинг ва арзёбии амалҳо дар соҳаи иқлим тақвият мебахшад
Ченкунӣ, ҳисоботдиҳӣ ва санҷиш (MRV) ба раванди чандмарҳилаи ченкунии миқдори партовҳои газҳои гулхонаӣ, ки дар натиҷаи фаъолияти мушаххас оид ба кам кардани таъсири онҳо коҳиш ёфтааст, дахл дорад. MRV барои дастрас намудани маблағгузорӣ дар масъалаҳои иқлим ва нишон додани пешрафти ҳадафҳо дар самти иқлим мебошад. Бо вуҷуди ин, барои таъмини натиҷаҳои муассир ҳисоботдиҳии дақиқ лозим аст.
11 майи соли 2023 Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (ФАО) ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷҳизотҳои технологияҳои информатсиониро расман супурд. Ин иқдом дар доираи Лоиҳаи дуюми омодагӣ, ки аз ҷониби Фонди Иқлими Сабз дастгирӣ карда мешавад, амалӣ гардид.
Таҷҳизоти IT, аз ҷумла 14 ноутбук, 2 компютери рӯи мизӣ, 16 роутер ва 1 қуттии сервер бо арзиши 18319,00 ДОЛЛАР, ба раёсати мониторинги Кумита супурда шуд. Ин таҷҳизот иқтидори техникии раёсатро тақвият мебахшад ва имкон медиҳад, ки фаъолияти тағйиребии иқлимро дар Тоҷикистон самаранок пайгирӣ намояд.
Қаблан, дар соли 2022 ду семинар оид ба мониторинг ва арзёбии лоиҳаҳо дар соҳаи тағйирёбии иқлим бо иштироки намояндагони ҳукумат, бахши хусусӣ ва коршиносони байналмилалӣ дар соҳаи маблағгузории иқлим ва аккредитатсия баргузор гардид. Донишҳои ба даст овардашуда дар баробари таҷҳизотҳо имконоти техникии Кумитаро такмил дода, имкон медиҳанд, ки талошҳои кишвар оид ба мубориза бо тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистонро назорат кунад.
Дар маросими супоридани таҷҳизоти техникӣ раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода ва Олег Гучгельдиев, намояндаи ФАО СММ ҳузур доштанд.
"Мо умедворем, ки ин барнома ба талошҳои Тоҷикистон барои коҳиш додани тағйиребии иқлим ва мутобиқшавӣ ба он мусоидат хоҳад кард ", - таъкид кард Олег Гучгельдиев, намояндаи ФАО, дар маросими ифтитоҳ.
ФАО ҷонибдори Дастгирии Тоҷикистон дар талошҳо оид ба мубориза бо тағйирёбии иқлим ва аҳамияти системаҳои хуби мониторинг ва арзёбии дохилӣ барои ҳама намудҳои лоиҳаҳои тағйирёбии иқлим мебошад. Дар доираи лоиҳа, инчунин идомаи гузаронидани тренингҳои миллӣ оид ба MRV дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон ва рушди системаи миллии MRV ба нақша гирифта шудааст.