Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 614
    10 майи соли ҷорӣ таҳти раёсати раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур...

    Дар ҷаласаи навбатии ҳарҳафтаинаи Кумита                 

                        

                                                                    

    IMG_8313 (1).jpg

    10 майи соли ҷорӣ таҳти раёсати раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон ҷаласаи навбатии Кумита ва зерсохтори он дар ҳафтаи аз 2 то 5 майи соли 2023 баргузор гардид.

    Тибқи тартиби кори ҷаласа оид ба натиҷаҳои фаъолияти сарраёсатҳо, раёсат, шуъбаю бахшҳо ва муассисаю марказҳои системаи Кумита дар ҳафтаи болозикр сардори Раёсати мониторинг, сиёсати экологӣ, обуҳавошиносӣ ва кадастр Шукуров И. бо маърӯзаи таҳлилӣ баромад намуд.

    Сипас, раиси Кумита Шерализода Баҳодур оид ба фаъолияти бонизом ва сифатноки ҳамаи сохторҳои мақомоти соҳавӣ ибрози андеша намуда, ҳамзамон аз тарафи раиси Кумита фаъолияти ҳафтаи ҳисоботӣ натиҷагирӣ карда шуда, барои ҳафтаи навбатӣ супоришҳо дода шуд.