Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 644
    Дар зиндагиномаи  таърихи инсоният саҳифаҳое ҳастанд, ки бо гузашти солҳо аҳамияти онҳо ҳеҷ гоҳ коҳиш намеёбад. Рӯзи Ғалаба...

    Табрикоти раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур  Аҳмадҷон бахшида ба 78-умин солгарди “Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945”



                                              

    Ҳамкорони  азиз

    Дар зиндагиномаи  таърихи инсоният саҳифаҳое ҳастанд, ки бо гузашти солҳо аҳамияти онҳо ҳеҷ гоҳ коҳиш намеёбад. Рӯзи Ғалаба ҳам дар радифи ҳамин гуна санаҳои фаромӯшнашуданӣ  боқи мемонад.

    Дар солҳои 1941-1945 зиёда аз 300 ҳазор ҷанговарони Тоҷикистон дар муҳорибаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ диловарона ширкат варзида, қаҳрамониҳои бемислу монанд нишон доданд. Онҳо барои дифоъ ва шарафу номуси мардуми худ дар сангарҳо муборизаи шуҷоатнок ва корнамоиҳои бузург нишон дода, зиёда аз 92 ҳазор нафарашон дар майдонҳои набард ҳалок шудаанд.

    Ба нишони қадрдонии далерию қаҳрамонӣ 54 нафар ҳамватанони мо бо унвони олии ифтихории Ватан – Қаҳрамони Иттифоқи Шӯравӣ, 21 нафар бо ордени “Шараф” ва зиёда аз 60 ҳазор нафар бо ордену медалҳо сарфароз шуданд.

    Эҳсоси ватандӯстӣ ва мардонагӣ, шуҷоат ва қавииродагии онҳо  барои наслҳои имрӯза, аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистони соҳибистиқлол низ намуна ва ифтихор мебошад.  Мо  имрӯз мақсаду мароми асосии худро дар муттаҳидию ягонагӣ дар партави сиёсати башардӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  баҳри бунёдкорию  созандагии Тоҷикистони азиз  қарор дода,  кӯшиш ба харҷ медиҳем. Пос доштани қаҳрамонии падарону бобоҳои мо дар набардҳои Ҷанги Бузурги Ватании солҳи 1941-1945 қарзи ватандории ҳар яки мо мебошад.

    Давлату Ҳукумати Тоҷикистон нисбат ба иштирокдорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ғамхории доимиро зоҳир менамояд. Имрӯз бисёре аз онҳо дар қайди ҳаёт нестанд, вале номи онҳо дар қалбу хотираи мардум ҳамеша зинда аст.

    Вазъи мураккаби ҷаҳони имрӯзаро ба назар гирифта, моро зарур аст ки зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва зери сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон устувору иттифоқ бошем, барои ҳифзи сарзамини аҷдодиамон ҳамеша омода бошем.

    Тамоми кормандони соҳаи ҳифзи муҳити зистро ба муносибати ҷашни 78-умин солгарди Рӯзи  Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ табрику  муборакбод намуда, таманнои онро дорем, ки дар Ватани азизи мо ҳамеша тинҷиву амонӣ, сулҳу суботи сиёсӣ  ҳукумфармо бошад.