Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 524
    Бо мақсади таъмини иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маърифати экологии аҳолӣ», дар амал татбиқ намудани...

    Озмун – викторинаи экологӣ байни хонадагони МТМУ дар шаҳри Конибодом




                                              

    Бо мақсади таъмини иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маърифати экологии аҳолӣ», дар амал татбиқ намудани талаботи бандҳои нақшаи чорабиниҳои «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2025» ва баланд бардоштани дониши экологии хонандагони МТМУ, мутахассисони сарраёсат бо Ташкилоти ҷамъиятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф» Маркази Орхус дар шаҳри Хуҷанд ҳамкории зич доранд.

    Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №24-и ҷамоати деҳоти Пӯлотони шаҳри Конибодом байни дастаҳои 6 муассисаҳои таълимӣ баҳри амалигардонии нақшаи чорабиниҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ва бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии замин озмун – викторина баргузор гардид. Чорабинии мазкур аз рӯи шартҳои «Саломнома», «Вазифаи хонагӣ», «Гурӯҳи дастгирӣ» ва «Викторина» роҳандозӣ гардида, 6 дастаи мактаб қувваозмоӣ намуданд. Дар натиҷа дастаи «Қатра» аз МТМУ №20 сазовори ҷойи 1-ум, дастаҳои «Табиат» аз МТМУ №21 ва «Оби тоза» аз МТМУ №24 ҷойи 2-юм гардида, соҳиби ҷоми озмун ва тӯҳфаҳо шуданд.

    Ба дастаҳои «Оби зулол» аз МТМУ №46, «Пирях» аз МТМУ №37 ва «Муҳофизини табиат» аз МТМУ №17 барои иштироки фаъолона туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд. Ба дастаи ғолиби озмуни мазкур аз ҷониби намояндаи Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим карда шуд.

    Қайд кардан ба маврид аст, ки чорабинӣ дар доираи лоиҳаи «Мусоидат ба ҳифзи захираҳои об ба воситаи ташаккули муносибати эҳтиёткорона ва пешниҳоди лоиҳаҳои инноватсионӣ оид ба истифодабарии самараноки об дар водии Фарғона» баргузор гардид.

    3.jpg IMG_20230426_134109.jpg