Семинари омӯзишӣ оид ба пешгирии тероризм ва экстремизм дар байни ҷавонон
Тибқи нақшаи ташкил ва баргузории семинарҳои бозомӯзии Кумита дар нимсолаи якуми соли 2023 санаи 2 майи соли ҷорӣ семинари навбатӣ дар мавзуи “Пешгирии терроризм ва экстремизм дар байни ҷавонон” бо кормандони дастгоҳи марказии Кумита гузаронида шуд.
Мавзуъ аз тарафи мувоини сардори Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва назорати Кумита Сайфуллоев Н. тавассути рӯйнамо, бо усули содабаёнӣ ва ба таври муфассал шарҳу маънидод карда шуд.
Вобаста ба мавзуи матраҳшуда саволу ҷавоб сурат гирифта, ба саволҳои додашуда баромадкунанда ҷавобҳои мушаххас дод.