Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 598
    Бо мақсади ҷалби таваҷҷуҳи аҳли ҷомеа, аз ҷумла ҷавонон ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист бо иштироки намояндагони «Патрули сабз»...

    Фестивали дӯстдорони табиат дар шаҳри Конибодом



                    

    Бо мақсади ҷалби таваҷҷуҳи аҳли ҷомеа, аз ҷумла ҷавонон ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист бо иштироки намояндагони «Патрули сабз»-и  муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 6-и шаҳри Конибодом «Фестивали дӯстдорони табиат» баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур беш аз 400 нафар хонанда ширкат варзиданд.

    Дар рафти чорабинӣ макетҳо, расмҳо, ҳунарҳои дастӣ ва намоишҳо пешкаши иштирокчиён ва меҳмонон гардид, ки дар онҳо масъалаҳои марбут ба ҳифзи гуногунии биологӣ, самтҳои дигари ҳифзи муҳити зист, аз ҷумла таъсири манфии фаъолияти инсон ба экосистема баён карда шудааст.

    Қобили зикр аст, ки дар МТМУ ҷамоати деҳоти Пӯлотон, Фирӯзоба ва Патари шаҳри Конибодом соли 2022 корҳои мақсадноки иттилоотӣ - маърифатӣ оғоз гардида буд, ки дар натиҷа гурӯҳҳои «Нозирони сабз» таъсис ёфта, курси пурраи фанҳои таълимии иловагии экологӣ ба итмом расонида шуд.

    Дар маҷмӯъ, 6 дастаҳои «Нозирони сабз»-и МТМУ шаҳри Конибодом аз рӯи 3 шарт - «Сохтани макет», «Расмҳо» ва «Ҳунари дастӣ» қувваозмоӣ намуда, дар ҳар як номинатсия се ҷойи аввал қадршиносӣ карда шуд.

    Чорабинӣ дар доираи Лоиҳаи «Ҳифзи ҷангалҳои тӯқай ва намудҳои зери хатари минтақаи болооби обанбори Баҳри Тоҷик» баргузор гардида, дар таъмини иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маърифати экологии аҳолӣ» ва татбиқи талаботи бандҳои нақшаи чорабиниҳои «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2025» ва баланд бардоштани дониши экологии хонандагони муассисаҳои таълимӣ саҳми арзанда дорад.

    9.jpg DSC_0136.jpg IMG_20230429_093911.jpg