О Г О Ҳ Ӣ
Шабонарӯзи наздик дар ҷумҳурӣ якуякбора ноустуворшавии вазъи обу ҳаво дар назар буда, борон дар баъзе минтақаҳои Ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ва вилояти Хатлон бошиддат борида, раъду барқ ба амал омада, боридани жола аз эҳтимол дур нест. Рӯзи 6 май дар ноҳияҳои водибуда ҳарорати ҳаво то 8-130 паст мешавад.
Дар баъзе ноҳияҳои вилоятҳои Хатлон, Суғд ва Ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ эҳтимолияти сар задани зуҳуроти сел дар назар аст.
Рӯзҳои 6-7 майи соли ҷорӣ бо сабаби ба амал омадани боришот дар дарёҳои Ёхсӯ, Қизилсӯ (ҷанубӣ) ва дар дарёҳои аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷоришаванда баландшавии сатҳи об пешгӯӣ мешавад.
Шабонаи 6 майи соли ҷорӣ бо сабабҳои омилҳои метеорологӣ (чангбоде, ки аз самти минтақаҳои ҷанубу ғарбӣ ва ғарбӣ ба кишвар ворид мегардад) дар вилояти Хатлон, Ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе баландшавии ҳолати ифлосшавии ҳавои атмосфера аз моддаҳои муаллақ (чанг), зарачаҳои андозаашон 10мкр (Рм-10) ва 2,5мкр (Рм-2,5) аз эҳтимол дур нест.