Назорати рафти иҷрои Барномаи давлатӣ дар шаҳрҳои Исфара ва Конибодом
Бо мақсади назорати рафти иҷрои қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.04.2021, № 116 «Дар бораи Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2025» ва аз 22.10.2021, № 442 «Дар бораи Комиссияи байниидоравии давлатӣ оид ба маърифати экологии аҳолӣ», моҳи апрели соли ҷорӣ фаъолияти сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара ва шаҳри Конибодом, ки ба иҷрои бандҳои нақшаи чорабиниҳои татбиқи Барномаи давлатии мазкур вобаста гардиданд, ҳамзамон фаъолияти Комиссияҳои байниидоравии давлатӣ оид ба маърифати экологии аҳолӣ дар минтақа аз тарафи масъулонии соҳавии вилоят санҷида шуд.
Аз рафти гузаронидани омӯзишу таҳлили фаъолияти Комиссияҳои байниидоравии давлатӣ дар шаҳрҳои мазкур маводи зарурӣ омода намуда, инчунин бо ҳар як роҳбар ё намояндаи сохторҳо, хусусан ҷамоати шаҳраку деҳот дар алоҳидагӣ корҳои фаҳмонидадиҳӣ гузаронида шуд.
Дар бораи натиҷаҳои гузаронидани санҷиш ва ҷиҳати такон бахшидани раванди иҷрои қарорҳои болозикр дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрҳои Исфара ва Конибодом ба муовини раиси вилоят, раиси Комиссияи байниидоравии давлатӣ оид ба маърифати экологии аҳолӣ дар вилояти Суғд гузориши муфассал омода ва пешниҳод карда шуд.