Баимзорасонии Ёддошти тафоҳум байни Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати экология ва захираҳои табиии Ҷумҳурии Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист
Санаи 3 майи соли 2023 дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон маросими баимзорасонии Ёддошти тафоҳум байни Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати экология ва захираҳои табиии Ҷумҳурии Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист дар доири сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид.
Ёддошти тафоҳумро раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон ва вазири экология ва захираҳои табиии Ҷумҳурии Қазоқистон Сулейманова Зулфия ба имзо расониданд.
Бояд қайд намуд, ки Ёддошти мазкур масъалаҳои такмили танзим ва назорати давлатии экологӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, мубодилаи таҷриба дар самти ҳали мушкилотҳои экологӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои нав дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, мубодилаи дониш ва малакаҳои экологӣ барои татбиқи воситаҳои байналмилалии экологӣ, тақвияти ҳамкорӣ бо бахши хусусӣ ва ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ дар татбиқи барномаҳо ва ташаббусҳои муҳим дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва рушди устувор ва ғайраҳоро дарбар мегирад.