Иштирок ва баромади раиси Кумита дар маросими кушодашавии ҳамоиши соҳибокрони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон
3 майи соли 2023 дар Конгресс-Сентри шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон ҳамоиши соҳибокрони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон дар доири сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид, ки дар он раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикстон Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон ширкат варзида, дар маросими кушодашавии чорабинии мазкур баромад намуд.
Дар баромади хеш раиси Кумита масъалаҳои ҳифзи муҳити зист, тағйирёбии иқлим ва экологияро дар заминаи ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Қазокистон матраҳ намуд. Инчунин, ба ташаббуси навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи эълон намудани соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо», ки бо қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул гардид, таваҷҷуҳи хоса зоҳир шуд.
Дар хотима раиси Кумита изҳори умед намуд, ки масъалаҳои марбут ба ҳифзи муҳити зист боиси таваҷҷуҳи мақомотҳои дахлдор ва сохторҳои тиҷоратӣ гардида, дар ташаккул ва татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории «сабз» ба назар гирифта мешаванд.