Дар ҷаласаи назоратии Кумита
1 майи соли ҷорӣ ҷаласаи назоратии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он фаъолияти мақомотӣ ва марказу муассисаҳои тобеи он дар моҳи апрели соли 2023 мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд.
Тибқи тартиби кори ҷаласа пас аз ироаи ҳисоботи таҳлилӣ аз тарафи сардори Раёсати мониторинг, сиёсати экологӣ, обуҳавошиносӣ ва кадастри Кумита Шукуров И. муовини якуми раиси Кумита Қиёмзода рафти иҷрои талаботи ҷорӣ, дигар ҳуҷҷатҳои идориро аз масъулони соҳавӣ пурсон шуд. Дар ҷаласа масъалаҳои нишондиҳандаҳои самтҳои назоратӣ дар моҳи апрел, баргузории аксияҳои экологӣ дар ҷойҳо, раванди амалии “Ҳукумати электронӣ” ва дигар масъалаҳои ҷорӣ мавриди таваҷҷуҳи муовини якуми раиси Кумита қарор дода шуд.
Пас аз натиҷагирию арзёбӣ гардидани масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа, бо назардошти супоришҳои барои моҳи навбатӣ додашуда ва таклифу пешниҳодҳо қарори дахлдор қабул карда шуд.