Семинари омӯзишӣ оид ба регламенти техникӣ
Тибқи нақшаи ташкил ва баргузории семинарҳои бозомӯзии Кумита дар нимсолаи якуми соли 2023 санаи 28 апрели соли ҷорӣ семинари навбатӣ дар мавзуи вобаста ба регламенти техникӣ бо кормандони дастгоҳи марказии Кумита гузаронида шуд.
Мавзуъ аз тарафи сардори Маркази стандартикунонӣ, методология ва меъёрҳои экологии Кумита Абдураҳимов Б. тавассути рӯнамо ва бо шарҳу тавзеҳои қоидаҳои ҷорӣ шарҳу маънидод карда шуд.
Вобаста ба мавзуи матраҳшуда саволу ҷавоб сурат гирифта, ба саволҳои додашуда баромадкунанда ҷавобҳои мушаххас дод.