Конференсияи илмӣ-назариявӣ бахшида ба Рӯзи Замин дар коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор
Санаи 26 апрели соли ҷорӣ бо ташаббуси мутахассисони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор” бо мақсади иҷроиши бандҳои “Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” ва бо иштироки омӯзгорону донишҷӯёни ин таълимгоҳ дар мавзуи моҳияти ҷашнгирии Рӯзи Замин конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор гардид.
Дар назди ҳозирин сардори Маркази Орхуси Кумита Ҷ. Яқубов дар мавзуи болозикр маърӯза ироа намуда, мавсуф оид ба чорабиниҳое, ки аз ҷониби Кумитаи ҳифзи муҳити зист гузаронида мешавад, ёдовар шуд.
Муовини сардори Маркази ахбори экологӣ, тарғибот ва барномасозии компютерӣ И.Сангов дар маърӯзаи худ оид ба Барномаҳои давлатие, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти маърифати экологӣ қабул гаштаанд, ҳамзамон Барномаи давлатие, ки айни замон мавриди иҷро қарор дорад, сӯҳбат намуд.
Ҳамзамон, омӯзгорони коллеҷи мазкур Улуғзода О., Фармонзода Б., Муродова Д. ва Ғайратова Ф. роҷеъ ба мавзуҳои “Қонуни ҶТ “Дар бораи маърифати экологии аҳолӣ”, “Об ва саломатӣ”, “Пиряхҳои Тоҷикистон” ва “Ҳифзи табиат – Ҳифзи Ватан аст” маърӯза намуданд. Дар бахши саволу ҷавоб иштирокчиёни конференсияи илмӣ-назариявӣ – донишҷӯён ба саволҳояшон посухҳои муносиб гирифтанд.