Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 651
    Бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Дӯстӣ тибқи  фармоиши раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон...

    Баргузории озмуни экологӣ дар мавзуи “Ҳифзи пиряхҳои Тоҷикистон - омили сабзу хуррамгардонии кишвар”                                         

    Бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Дӯстӣ тибқи  фармоиши раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақша чорабиниҳои Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Хатлон бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифати экологии хонандагони муасисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ санаи 24 апрели соли 2023 дар толори қасри фарҳанги ноҳия бо иштироки хонандагони муассисиаҳои таълимии ноҳияи Дӯстӣ  озмуни экологӣ дар мавзуи “Ҳифзи пиряхҳои Тоҷикистон - омили сабзу хуррамгардонии кишвар” гузаронида шуд.

    Бояд қайд намуд, ки дар озмун   хонандагони муасисаҳои таълимӣ аз рӯи 6 номинатсия тайёрии ҳамаҷониба  дида, маводҳои омоданамудаи худро пешкаши аъзоёни комиссия гардониданд.

    Аз тарафи комиссия  беҳтаринҳо муайн гардида,  дар фазои тантанавӣ бо ифтихорномаҳои бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Дӯстӣ сарфароз гардонида шуданд.

    20230424_140955.jpg 20230424_142018.jpg 20230424_142035.jpg