Тоҷикистон пешоҳанги ҳифзи пиряхҳо дар ҷаҳон
Бо чунин унвон дар ҳамкории муштараки Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе бо Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи технологии шаҳри Душанбе” дар толори маҷлисгоҳи муассисаи мазкур конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ бо ҳузури донишмандон, олимон ва устодони соҳа доир гардид.
Ҳамоишро Абдулло Асрорзода Саттор, директори Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи технологии шаҳри Душанбе” ифтитоҳ намуда, бо ифтихормандӣ зикр намуд, ки ташаббуси панҷуми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Қатъномаи Созмони Милали Мутаҳид қабул гашта, обруву эътибори Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи байналмилал мақоми шоистаро касб намуд. Лозим ба ёдоварист, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзҳои 21-24 марти соли ҷорӣ дар шаҳри Ню-Йорки ИМА дар конфронси оби СММ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Баъдан, Абдуллоев Сабур, доктори илмҳои физика-математика, профессор, корманди Институти физикаю техникаи ба номи Султон Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар мавзуи “Таҳқиқоти атмосфераи пиряхҳои машҳури Тоҷикистон, Саидов Саидаҳмад, сармутахассиси Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе дар мавзуи “Тағйирёбии иқлим ва хатарҳои экологӣ”, Синои Амирбек, муовини директор оид ба таълим дар мавзуи “Роҳҳои омӯзишӣ пиряхҳо ва ҳифзи онҳо” суханронӣ намуданд.
Нотиқон изҳор намуданд, ки бо сабаби тағйирёбии иқлим тайи чанд соли охир аз 14 ҳазор пиряхи дар Тоҷикистон мавҷудбуда 1000-тои он аз байн рафтааст. Ҳиссаи Тоҷикистон дар ҳаҷми партовҳои газҳои гулхонаӣ хеле ночиз буда, дар раддабандӣ кишвари мо дар ҷои 130-юм қарор дорад.
Бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон МД “Маркази омӯзиши пиряхҳо” фаъолият карда истодааст, ки тайи 5 соли фаъолият тадқиқотҳои зиёди илмиро анҷом дода истодааст.
Дар поёни конфронс, мубоҳисаҳо дар мавзуи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи пиряхҳо миёни иштирокчиён ва мутахассисон сурат гирифт.