Аёдати собиқадорони соҳаи ҳифзи муҳити зист бахшида ба Иди Саиди фитр
Дар арафаи Иди саиди фитр кормандони бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Конибодоми вилояти Суғд собиқадори соҳа Ҳомидов Толибҷонро ҳамчун нахустин мудири бахш аёдат карда, ба номбурда кумаки моддию молиявӣ расониданд.
Чунин иқдом баҳри иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи ҷашну идҳои миллӣ пайваста амалӣ мегардад.