Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 710
    Рӯзи Замин ҳамасола 22 апрел ҷашн гирифта мешавад. Соли 1969 бузургтарин резиши нафт дар наздикии Санта Барбара...

    22 апрел - Рӯзи байналмилалии Замин            

                                                                                    

    Рӯзи Замин ҳамасола 22 апрел ҷашн гирифта мешавад. Соли 1969 бузургтарин резиши нафт дар наздикии Санта Барбара, Калифорния рух дод. Бар асари садама дар платформаи истихроҷи оффшорӣ чанд миллион тонна нафти хом ба уқёнус рехта шуд. Натиҷаҳои фалокатовар буданд: ҳазорҳо паррандагон ва ширхӯрони баҳрӣ кушта шуданд ва саршумори моллюсҳо дар соҳил 90% коҳиш ёфт. Зарари дақиқи ба муҳити зистро ҳисоб кардан ғайриимкон аст, ҳайвонот ва растаниҳои зарардида танҳо дар баҳр бе нишона нопадид шуданд. Ҳоло ҳам ин резиши нафт аз рӯи миқёс дар ҷои сеюм аст. Фалокат ба иктисодиёти ШМА, хусусан ба штати Калифорния ва афкори чамъиятй таъсир расонд.

    Пас аз як сол, узви сенат Гейлорд Нелсон аз амрикоиҳо даъват кард, ки дар як иқдоми густурдаи экологӣ ба хотираи офати табиӣ ширкат кунанд. 22 апрели соли 1970 дар тамоми мамлакат бештар аз 20 миллион нафар одамон ба ин даъват хамовоз шуданд, эътирози васеи ахли чамъият боиси кабули як катор конунхои мухими мухофизати мухити зист гардид. Ин иқдом ҳарсола шуд ва соли 1990 байналмиллалӣ эълон шуд.

    Соли 2009 СММ бо назардошти он, ки Рӯзи Замин аллакай дар кишварҳои гуногун таҷлил мешавад, ин рӯзро Рӯзи байналмилалии Модар-Замин эълон кард. Модар-Замин номест, ки қариб дар ҳама фарҳангҳо пазируфта шудааст, он умқи робитаҳоеро, ки тамоми мавҷудоти зиндаи сайёраро муттаҳид мекунанд ва дараҷаи масъулияти моро дар назди ӯ ифода мекунад.

    Вазифаи асосии сана ба одамон хотиррасон кардани ин масъулият, аз хатару чолишхои глобалй, ки дар назди хонаи умумии мо истодаанд, мебошад. Ва аз хама мухимтараш он аст, ки ба манфиати нигох доштани хаёт дар руи замин амалиёти таъчилии амалй даъват карда шавад.

    Мавзӯи 22 апрели соли 2023 "Сармоягузорӣ дар сайёраи мо" аст. Ин шиор соли гузашта хам садо дод. Созмондиҳандагон аз муваффақияти ин маърака мутаассир шуда, онро барои як соли дигар тамдид карданд ва бори дигар даъват мекунанд, ки бар зидди таҳдиди асосии умумӣ – тағйири ҷаҳонии иқлим муборизаи фаъолтар бурда шавад. Барои татбиқи технологияҳо ва ҳалли бетараф аз иқлим ҳукуматҳо, корхонаҳо ва шахсони алоҳида бояд қувваҳоро муттаҳид созанд. Ин масъулияти умумии мо ва масъулияти хар як фард аст.