Табрикоти раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур бахшида ба Иди Саиди фитр
Ҳамдиёрони азиз,
Иди Саиди фитр яке аз суннатҳои қадимаи мусалмонони ҷаҳон ба шумор рафта, дар ин айём ба табақаҳои ниёзманд хайру саховат ва дигар эҳсонкориҳо амалӣ мегарданд, ки аз хусусиятҳои неки ин ҷашнвора шаҳодат медиҳад.
Ҳамаи Шумоён ва аҳли пайвандонатонро ба муносибати фарорасии Иди Саиди Фитр табрику муборакбод гуфта, хоҳони он ҳастам, ки дар фазоӣ озоди кишвари азизамон хурду бузурги ҳамватанонамон ба нафъи ҷамъият кору зиндагӣ кунанд. Ба Шумоён ва наздиконатон пеш аз ҳама сиҳативу саломатӣ, осоишу файзу баракати хонадон, комёбиҳои тоза ба тозаи меҳнатӣ баҳри пешрафти минбаъдаи Ватани азизамонро таманно дорам!
Бигузор ҳамаи умеду орзуҳои некатон ҷомаи амал пӯшанд.