Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 446
    10.04.2023
    Бо мақсади сазовор ҷашн гирифтани ҷашнвораҳои давлатӣ, миллӣ ва касбӣ 10 апрели соли ҷорӣ дар ҷамоати деҳоти Лоҳури...

    Аксияи “Тозагии маҳал” ва “Тозагии шоҳроҳ” дар ноҳияи Рӯдакӣ             

                        

                                                                    

    IMG-20230413-WA0003.jpg

    Бо мақсади сазовор ҷашн гирифтани ҷашнвораҳои давлатӣ, миллӣ ва касбӣ 10 апрели соли ҷорӣ дар ҷамоати деҳоти Лоҳури ноҳияи Рӯдакӣ дар шоҳроҳи Душанбе – Бохтар аксияи “Тозагии шоҳроҳ” ташкил ва гузаронида шуд. Дар ин чорабини зиёда аз 110 нафар сокинону кормандони касбу кори гуногун иштирок намуда ба масофаи 5000 метр шоҳроҳ аз партовҳои гуногун ба миқдори 11 метри мукааб тоза намуда ба партовгоҳи расмии ноҳия интиқол дода шуданд.

    Инчунин, дар ҷамоати шаҳраки Сомониён дар санаи мазкур аксияи “Тозагии маҳал” дар кӯчаҳои И.Сомонӣ, Ҷавонон ва С.Шерозӣ баргузор гардид.

    Дар рафти аксия 80 нафар сокинони ҷамоати мазкур ширкат варзида, 1200 метри мурабба кӯчаҳо тоза намуда, 4 метри мукааб партовҳо ба партовгоҳи ноҳиявӣ бароварда шуд.