Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 694
    Дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам...

    Расонидани кумаки навбатии моддӣ дар арафаи Иди саиди фитр          

                                                                                    

    Дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дастгирии ятимону маъюбон, оилаҳои камбизоат, шахсони яккаву танҳо ва аз ҷиҳати саломатӣ нуқсондошта дар арафаи Иди саиди фитр иқдоми навбатӣ пеш гирифта шуд.

    Кумаки навбатӣ ба 210 нафар кормандони Кумита, аз ҷумла 110 нафар аз дастгоҳи марказӣ, 70 нафар аз Агентии обуҳавошиносӣ ва 30 нафар ба МД “Ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда”, ки ба дастгирӣ ниёз доранд, расонида шуд.

    Кумаки моддии сарикасӣ иборат буд аз 10 кг орди навъи якум, 10 кг шакар ва 5 литр равғани растании Олейна, ки дар маҷмуъ 2100 кг орд, 2100 кг шакар ва 1050 литр равғанро ташкил дод.

    Чунин амали наҷиб дар арафаи ҳар иду ҷашнҳо рӯи даст гирифта шуда амалӣ мегардад.