Оростани хони идона ба қисмҳои ҳарбӣ дар ноҳияи Мурғоб
Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон зимни сафари кории худ ба ноҳияи Мурғоби ВМКБ, ки дар доираи ҷашн гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи мазкур мебошад, ба иқдоми Кумитаи номбурда ба қисми ҳарбии №15426-и Қушунҳои сарҳадӣ ва қисми ҳарбии №0412-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи мазкур дар арафаи Иди саиди фитр дастархони идона ороста шуд.
Иқдоми мазкур бо таваҷҷуҳу дастгириҳо ва супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маншаъ мегиранд. Дар пайи амалинамоии иқдоми мазкур аз тарафи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арафаи иди Саиди фитр 240 кг мевагӣ, аз қабили себу нок, мандарину лимон ва банан, 206 кг сабзӣ, 75 кг пиёз, 200 кг биринҷ, гӯшт 80 кг, 60 литр равғанги растанӣ, 80 кг помидор, 124 кг бодиринг, ба миқдори зарурӣ чакка, номгуӣ кабудиҳо, обҳои нушокӣ, кулчақандҳо ва пешқандҳои гуногун ва дигар маводҳои ғизоӣ ба қисми ҳарбии №15426-и Қушунҳои сарҳадӣ ва қисми ҳарбии №0412-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи мазкур расонида шуд.