Баргузории озмуни фарҳангии “Сайри гули лола” дар ҳудуди ноҳияи Шаҳринав
Санаи 1 апрели соли ҷорӣ дар назди майдончаи бинои маъмурии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар сатҳи баланди фарҳангӣ озмуни “Сайри гули лола” гузаронида шуда, ғолибон ва иштирокчиёни фаъоли озмун бо “Сипоснома” ва “Ифтихорнома”-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав қадрдонӣ шуданд.
Рафти чорабинӣ ба воситаи шабакаи телевизионҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ инъикос карда шуда, дар рӯзномаи “Файзи Пешво”-и ноҳия ба чоп дода шуд.